ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба гузориши Форс, нахустин Қуръон ба хатти брайл барои истифодаи афроди нобино дар шаҳри Карочии Покистон чоп шуд. То кунун 100 ҷилд аз ин Қуръон тавлид шуда ва чопхона низ эълом карда, нусахаи баъдӣ бо забонҳои мухталиф чоп хоҳад шуд.
Ҳабиб аз Қуръон мисол оварду ҷавонони тоҷикро насиҳат кард
Малайзия ва Шри-Ланка аз Қуръони брайли чопи Покистон истиқбол ва хоҳони тавлиди бештари он барои афроди нобино ҳастанд.
Қуръони хатти брайли Покистон дар 6 ҷилд чоп шудааст ва ҳар ҷилд шомили 5 ҷузъ аст.
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасамхӯрӣ ба номи Аллоҳу қасамдиҳӣ ба Қуръон
Қуръон - китоби бузург ва муқаддаси мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст. Иборат аз 114 сура ва 6236 оят аст. Сураи калонтарини Қуръон сураи Бақара. Бузургтарин ояти Қуръон Оятал-курсӣ мебошад.