Дар назди тоҷикони Маскав беҳтарин ҳунармандони санъати тоҷик ба таври ихтиёрӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Ҷашнвора аз намоиши кумиаҳои созмони "Нур" ва шоу барномаи консертӣ иборат буд. Чун ҷашнвора дар шакли нав - фазои озод баргузор шуд ҳар касе метавонист мувофиқи табъи дил аз намоиши кумитаҳо шуғле пайдо кунад.
Барои таҷлили "Рӯзи Мавлуд" ситораҳои санъати Тоҷикистон-Хайём Хайёлбеков, Соҳиба Давлатшоева, Гурӯҳи "ШАМС", Фирӯз Паллаев, Ақназар Аловатов, Замири Тиллозод, Парвиноз Ақназарова ва Таманнои Шакармамад омаданд.
Барномаи консертӣ аз мадҳия (сурудҳо дар ситоиши Худо ва пайғамбар (с)), фалак ва сурудҳои эстрадӣ иборат буд.
Дар аввал ҳамаи овозхонон якҷо ба саҳна баромада суруди муштаракеро иҷро карданд, ки бо таблнавозию дафзанӣ ҷур мешуд.
Соҳиба Давлатшоева дар даст доираи бузург рӯи саҳна ҳатто ба зону зада, чанд маротиба табл навохт. Тамошобинон аз ҳунарнамоии ситораҳо ба ваҷд омада буданд ва ҳама кӯшиш мекард зудтар дар саҳифаҳои иҷтимоии худ бо дӯстону пайвандон аз ин рухдоди муҳими фарҳангӣ хабар бидиҳад.
"Ин сафари нахустини ман ба Маскав нест, вале ҳар боре, ки ман бо ҳамватанон дидор мекунам онҳоро дар руҳияи баланд дармеёбам. Ҷашнвораи имрӯз бисёр дар сатҳи баланд доир шуд, мардум бисёр бофарҳанг. Ман аз баргузоркунандагони ҷашнвора изҳори сипос мекунам",- гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева.
"Дар ҷашнвораи "Хушҳолӣ - 2019" 4000 бузургсолон ва 2700 кӯдакон ширкат карданд. Барои баргузор кардани ин ҷашнвора, беш аз 4 миллион рубли русӣ сарф шуд. Ҳадафи аслии созмони "Нур" аз баргузории чунин ҷашнвора ҷамъ кардани ҳарчӣ бештари ҳамватанон дар як ҷо, огоҳ кардан аз фаъолияти Кумитаҳои созмон, ки дар воқеъ метавонанд ба мушкили мардум, дар соҳаҳои мухталиф оғоз аз маорифу то тандурустию иҷтимоӣ, расидагӣ кунанд", - гуфт Карамшо Мамаднасимов, раиси созмони "Нур" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд.
Яке аз бузургтарин ҷамоъатҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.
Мувофиқи омор феълан дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои наздики он тақрибан 40-50 ҳазор исмоилӣ ба сар мебарад.