Чун кӯдак бе кин: Нобовар Чаноров гуфт, чӣ гурӯҳи "Шамс"-ро даҳсолаҳо якҷо нигоҳ дошт

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт группы "Шамс" в Москве
Концерт группы Шамс в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи "Шамс" пас аз ҳунарнамоии бомуваффақият дар Лондон тоҷикони Маскавро бо сурудҳои нав ва дӯстдоштаи пешин шод кард.

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik, Нилуфар Некқадам. Шоми 7 апрел дар толори фарҳангии "Вдохновение" дар Маскав консерти гурӯҳи номдори "Шамс" баргузор шуд.

Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуда буд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд.

Бунёдгузорони аслии ин гурӯҳ сароянда, оҳангсоз ва ҳунармандони номӣ Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков ҳастанд. Дар ин гурӯҳ ҳунармандоне ҷамъ омадаанд, ки ҳисси мусиқоӣ, андеша ва ҳадафашон ҳамсон буд. Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.

Баромади гурӯҳи Шамс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи “Шамс”: Аз кӯдакӣ то шӯҳрати ҷаҳонӣ ва нақшаҳои нав

Пас аз консерт дар Лондон, гурӯҳи мардони ҳунар бо се таронаи ҷадид ва дигар сурудҳои дӯстдоштаи пешин ба Маскав омаданд. Консерт аз ҷониби созмони ҷамъиятии "Нур" баргузор шуд.

Барои гӯш кардани сурудҳои гурӯҳи "Шамс" тоҷикони Максав ва ҷойҳои дур ҳамроҳи ёру дӯстон пайвандон ва аҳли хонаводаашон омада буданд.

Ҳамчунин дар консерт раиси созмони "Нур" Алимамад Боймамадов, коршиноси Фарҳангистони Русия Тоҳир Қаландаров, раиси созмони ҷамъиятии "Помир" Анзор Назархуоев, ҳамсари ҳаҷвнигори зиндаёд Устоқадам Машрабов-Раъно Давлатова ва дигар намояндагони бахшҳои гуногуни созмони "Нур" ширкат доштанд.

Дар толори "Вдохновение" чӣ гузашт

Гурӯҳи "Шамс" ба саҳна баромаду "Ассалому алейкум, Наврӯз муборак"-гуён, мухлисони маскавиашонро хушомадед гуфт. Тамошобинон чун ҳамеша гурӯҳи "Шамс"-ро бо кафкӯбиҳои давомдор пешвоз гирифтанд.

Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия - Sputnik Тоҷикистон
Нобовар Чиноров: дар ситоиши Худо расонотарин забон форсии тоҷикӣ аст

Навои дафу доира сурнаю нағма ва таблу дутор ҷур шуду Нобовар Чаноров ба сурудан пардохт. Ин бор гурӯҳи "Шамс" се суруди нави худро пешкаши мухлисон карданд. Яке аз эҷодиёти шоири забардаст Лоиқ Шералӣ, "Кӯдакиям бекасу танҳо гузашт" дигаре шеъри халқӣ "Бақра ба қу ҳамезанам" ва сеюмӣ "Наник ба Худо узта ту ширчой наринесум"-ро ба забонҳои тоҷикӣ, шуғнонӣ ва рушонӣ пешкаши мухлисон карданд, ки бо "Браво" пешвоз гирифта шуданд.

"Ин сурудҳо ба тозагӣ эҷод шудаанд. Қисме аз суруди "Бақра ба қуро мо дар Лондон сароида будем вале пурра дар ин консерт сароида шуд",-гуфт Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои жанри мадҳия-(суруде, ки мавзӯъяш ситоиши Худову пайғамбар аст), гоҳо мухлисонро ба осмони ҳафтум бурда,  руҳу ҷонро навозиш мекарданду гоҳо бо сурудҳои шӯх ба замин баргардонида ба покӯбӣ водор мекарданд. Таҳти мусиқии "рапой" (як навъи оҳанги маъмули рақсии Бадахшон), мардум аз ҷой бархостанду ба покӯбию дастҷунбонӣ даромаданд.

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт группы "Шамс" в Москве
Чун кӯдак бе кин: Нобовар Чаноров гуфт, чӣ гурӯҳи Шамс-ро даҳсолаҳо якҷо нигоҳ дошт - Sputnik Тоҷикистон
Концерт группы "Шамс" в Москве

Ҳисси мусиқоии мухлисони гурӯҳи "Шамс" воло буд. Чун гурӯҳи "Шамс" ба таблнавозии "ситовах" (як навъи доиразанӣ, ки дар Бадахшон маъмул аст), пардохт, толор бо қарсакзанӣ худро бо доиранавозии гурӯҳ ҷур карду як фазои якдилию ҳамбастагӣ ҳукмфармо шуд.

Сирри муваффақияти гурӯҳи "Шамс"

Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд. Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.

Мо аз Нобовар Чаноров рози муваффақияти гурӯҳи "Шамс"-ро ҷӯё шудем.

Далер Назаров дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

"Мо ҳаводоронамонро бисёр дӯст медорем. Ҳар сурудеро, ки эҷод мекунем аз дили мардум бар хоста аст. Ҳар суруди мо дар заминаи фарҳангу ҳунари тоҷикӣ эҷод мешавад, хоҳ мо рок бисароем ва хоҳ поп. Бо ин роҳ тавонистаем дар дили мардум ҷо шавем. Ба даст овардани дилҳо ҳунар аст", — гуфт Нобовар Чаноров.

Вале муваффақияти гурӯҳро, ки даҳсолаҳо аъзоёни он бо ҳам ҳастанд, Нобовар дар дӯстдории мусиқӣ медонад.

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт группы "Шамс" в Москве
Чун кӯдак бе кин: Нобовар Чаноров гуфт, чӣ гурӯҳи Шамс-ро даҳсолаҳо якҷо нигоҳ дошт - Sputnik Тоҷикистон
Концерт группы "Шамс" в Москве

"Ҳарчанд синну соли ҳар яки аъзоёни гурӯҳи мо кам нест, вале мо чун кӯдак бе ғашу кин ба покӣ мусиқиро дӯст медорем. Ҳамин чиз то имрӯз гурӯҳи моро якҷо нигоҳ доштааст",-гуфт Нобовар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бардошти тамошобинон аз консерт

"Гурӯҳи "Шамс" тавонист бо омезиши оҳангҳои мардумӣ ва замонавӣ бо сурудҳои халқӣ ба дили мардум роҳ ёбад. Ман аз консерти имрӯза ҳаловат бурдам. Худро дар Ватани азиз-Тоҷикистон эҳсос кардам",-гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон узви Академияи илмҳои Русия, Тоҳир Қаландаров.

"Ростӣ пойҳоям чанд вақти охир хуб кор намекунанд, вале ман наметавонистам консерти имрӯзаи гурӯҳи "Шамс"-ро набинам. Ҳамаи онҳо (аъзоёни гурӯҳ),-шарҳ аз идорад, дар пеши чашми ман бузург шуданд. Аз консерт ҳаловат бурдам. Мегӯям дар ҳамин Маскав ҳам барои мардумамон роҳат аст ба консерт меравем, шодӣ мекунем, осоишгагӣ аст, дигар чӣ бошад, ҳаминаш аз ҳама муҳим",-гуфт ҳамсари ҳаҷвнигори зиндаёд Устоқадам Машрабов ва модари яке аз аъзоёни гурӯҳи "Шамс" Муборакқадам-Раъно Давлатова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

Дар консерти гурӯҳи "Шамс" ҳамчунин дастпарварони Малина Гулшерхонова гурӯҳи рақсии "Нур" суитаи рақсиро тақдими тамошобинон карданд. Илова бар ин дар консерт овозхони гурӯҳи "Ҷирай" Акмал Ошурмамадов низ чанд суруде сароид.

Чаро толори консертии "Вдохновение" пур нашуд

Ҳарчанд эълонҳо аз моҳи март дар гурӯҳҳои иҷтимоӣ дида мешуд, вале толори консертии "Вдохновение" дирӯз пур нашуд. Баргузоркунандагони консерт далели кам будани мардумро дар рӯзи якшанбе баргузор шудани он медонанд.

"Дар консерти имрӯза беш аз 500 кас ширкат дошт, вале ғунҷоиши толор наздики 900 кас аст. Шумо медонед, бештари тоҷикони муқими Маскав ҳамагӣ як рӯзи истироҳат доранд, он ҳам якшанбе ва тӯйҳо ҳам маҳз ҳамин рӯз баргузор мешаванд. Худи имрӯз дар 13 тарабхона тӯйи ҳамватанонамон баргузор шуд, фикр мекунам яке аз сабаби аслии кам будани мардум ҳамин аст",-гуфт раиси созмони ҷамъиятии "Нур" Алимамад Боймамадов  дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт группы "Шамс" в Москве
Чун кӯдак бе кин: Нобовар Чаноров гуфт, чӣ гурӯҳи Шамс-ро даҳсолаҳо якҷо нигоҳ дошт - Sputnik Тоҷикистон
Концерт группы "Шамс" в Москве

Гурӯҳи "Шамс" натавонист саҳнаро тарк кунад

Консерти гурӯҳи "Шамс" дар толори "Вдохновение" дар Маскав наздики се соат давом кард.

Нобовар Чаноров сурудҳои "Мастӣ нозам", "Салому садсалом","Ба гирди ёр мегардам", "Дам ҳама дам Алӣ Алӣ", "Дил меравад ҷаҳон меравад", "Ко мате аз мирум би та", (Нарав кӣ бе ту мемирам), "Моҷон азта та ширчой наринесум", (Модарҷон ман ширчоятро фаромӯш намекунам), "Духтари тоҷик" ва дигар сурудҳоро тақдими мухлисон кард.

Чун Нобовар сурудҳои охиринро сароид мухлисон бо талаби суруди дигар нагузоштанд, ки гурӯҳ саҳнаро тарк кунанд. Ҳамин тавр ду кӯшиши гурӯҳи "Шамс" бе натиҷа анҷом ёфт.

Маҷбур гурӯҳи "Шамс" суруди ""Ба Лалазор"-ро сарояду пас саҳнаро тарк кунад.

Лентаи хабарҳо
0