“Western Union” ҳам ба кор даромад: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон боз ҳам осонтар мешавад?

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкВывеска с названием Western Union, архивное фото
Вывеска с названием Western Union, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон аз пайвастшавии низоми пардохтии “Western Union” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо хабар дод

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки низоми пардохтии “Western Union” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои Бонки миллӣ пайваст шуда, фаъолияти худро дар қаламрави  Тоҷикистон барқарор намуд.

Денежные переводы с помощью Золотой Короны  - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: давоми ду рӯз маблағҳои интиқолдода тавассути “Золотая корона” бозпас дода мешаванд

Масъулини Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки сар аз 23 декабр соли равон яъне имрӯз шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ сараввал низоми мазкур фаъолияташро бо ҶСК “Бонки Арванд”оғоз намуда, сипас марҳила ба марҳила дар давоми як ҳафта ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки бо низоми мазкур ҳамкорӣ доштанд, ба ин низом пайваст мешаванд.

Интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тавассути низоми пардохтии “Western Union” дар рӯзҳои наздик имконпазир мегардад.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.

Лентаи хабарҳо
0