ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудаанд, ки шаҳрвандон маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон, ки тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24 - 25 декабри соли равон аз ташкилотҳои қарзии кишвар бозпас гиранд.
Инчунин Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути “Золотая Корона” дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд.
Масъулини БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ дастур додааст, ки муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро тавассути низоми “Золотая Корона” анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон хабардор намуда, дар ҳолати зарурат барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим”, ё кортҳои пардохтӣ мусоидат намоянд.
Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд намудааст, шаҳрвандон дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, метавонанд ба БМТ муроҷиат намоянд.
“Дар сурати ҳал нагардидани муроҷиат ё таъмин нашудани пардохти маблағи интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ва ё почтаи электронии “ALLOMUSHTARI@NBT.TJ” ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ муроҷиат намоянд”, - зикр кардааст БМТ.