Путин: Ғарбро то ҳол мехоҳанд аз Русия тарсонанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЕжегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин дар Санкт Петербург мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Ғарбро то ҳол мехоҳанд аз Русия тарсонанд, гуфт Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқоти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Петербург.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Афв, патент ва интихоботи 2020: Раҳмон ба муҳоҷирон аз гуфтушунид бо Путин гуфт

Путин ба он таваҷҷуҳ намуд, ки чунин вазъ дар солҳои подшоҳӣ ва Шӯравӣ ба вуҷуд омада буд.

"Ҳам дар гузашта ва ҳоло ҳам Ғарбро аз Русия метарсонанд, ҳам дар замони подшоҳӣ, ҳам Шӯравӣ ва ҳам муосир. Ҳеҷ чиз тағйир намеёбад. Муҳим нест чӣ гуна, аммо бо ҳар роҳ ин маъно нигоҳ дошта мешавад. Ин ҷо лозим нест  истилоҳҳои идеологӣ, болшевикӣ, русиро бо ҳам омехта кард”,  гуфт Путин.

Путин қайд кард, ки барои суст кардани Иттиҳоди Шӯравӣ, пешвоёни он замон, ҳатто Ғарб тайёр буданд, ки бо Олмони фашистӣ шартнома банданд, ки ин воқеан ҳам рӯй додааст - ва далелҳои мустанаде барои ин вуҷуд доранд.

Рӯзи ҷумъа дар Санкт-Петербург мулоқоти раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишаст Путин ба иштирокчиён асноди ошкоршудаи Ҷанги Бузурги Ватаниро пешниҳод кард. Раҳбари Русия ҳамчунин иқрор шуд, ки аз қарори ахири парлумони Аврупо дар бораи Ҷанги дуввуми ҷаҳон тааҷҷуб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0