ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар доираи ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин ва роҳбарони кишварҳои дигари ҳамсуд дар назар аст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рафт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.