ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Бино ба гуфти шоҳидони ҳол дар Исфара, муноқишаи марзӣ суҳби имрӯз дар марзи миёни деҳаҳои Сомониёни Исфара ва Кук-Тоши Бодкант рух додааст.
Зубайдулло Шомадов, сокини шаҳри Исфара ва нафари огоҳ аз рухдоди муноқишаи ахири марзӣ гуфтааст, ки дар паи ҳодисаи рӯзи 18-уми декабр, панҷ сокини Исфара ба ҳисоби Содиқбой Набиев, имомхотиби масҷиди деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ва хонандаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 64 ин ҷамоат осеб дидаанд.
“Айни замон, ҳайати табибон ба осебдидагону маҷрӯҳшудагон дар Беморхонаи минтақавии Чоркӯҳ ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ мерасонанд, шаҳрванд Асадзода Аҳрорхон, соли таваллудаш 1990 бо осеби майнаи сар ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шудааст”, - гуфтааст Шомадов.
Ин сокини шаҳри Исфара рухдоди муноқишаи ахири марзиро аз амалҳои моҷаробарангезонаи сокинони ноҳияи Боткони Қирғизистон маънидод карда, иброз намудааст, ки хонандаи мактаби № 64 и деҳа, Умедҷон Сафаров дар роҳ аз ҷониби гурӯҳе аз сокинони қирғиз мавриди латукӯб қарор гирифтааст.
Манобеъи дигар ҳам дар Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз ҷузъиёти таниши марзӣ хабар дода гуфтанд, “дар ҳоле, ки чанд нафар ба ҳимояи Сафаров шитобиданд, як гурӯҳи дигари қирғизҳо ба сокинони Исфара дарафтодаанд, ки дар натиҷа аз ин ҳодиса 5 сокини Исфара осеб дидаанд”.
Аммо мақомоти Қирғизистон иттилоъ пахш намудааст, ки шаҳрвандони Исфараи Тоҷикистон як сокини маҳаллии ин кишварро мавриди латукуб қарор додаанд.
Ду рӯз қабл, санаи 16 декабр ҳам як чунин баҳси марзӣ миёни сокинони Исфара ва Боткон, рух дода буд, ки сабаби шикаста шудани шишаҳои мошини Умрониддин Сафаров гардид.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ зимнан дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара гуфтушунид ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷараён дорад.
Дар кори он ба ҳисоби муовини Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовини Вазорати корҳои дохилӣ ва муовини раиси вилояти Суғд иштирок доштаанд.
Марзи муштараки кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб то ба ҳол 504 километри он муайян шуда, вале наздик ба 50 % и сарҳади давлатӣ миёни деҳоти ин ду ҳамсоякишвар ҳамчунон номуайян боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам ба рухдоди танишу муноқишаҳо сари тақсими замину об дар марз сабаб шудааст.