Юлдуз Усмонова: агар барои Каримова намесароидам аз саҳна маҳрум мешудам

© Фото: yulduz.uzЮлдуз Усманова, архивное фото
Юлдуз Усманова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юлдуз Усмонова гуфт, чаро пеш ба духтари бузургии президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов - Гулнора Каримова суруд бахшиду, ахиран ӯро дашном дод

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сарояндаи саршиноси Узбакистон Юлдуз Усмонова гуфт, барои чӣ дар сурудаш Гулнора Каримоваро таърифу тасвиф мекунад ва дар сурати рад кардани хоҳиши Гулнора Каримова ӯро чӣ интизор буд.

Дар мусоҳиба бо шабакаи Intervyu TV дар YouTube, овозхон гуфт, суруди "Гулисан" соли 2013 ба хотири Гулнора Каримова ва бо фармоиши ӯ сабт шудааст.

"Ман ба шумо як чиз нақл мекунам. Суруди "Гулисан" фармоишӣ буд. Шумо метавонед маро дурӯғгӯ гӯед, вале ман мусиқачиён дорам метавонед аз онҳо пурсед, ин сурудро мо торикиии шаб эҷод кардем. Суруд фармоишӣ буд. Оё ман метавоистам чизе бигӯям? Ин ҷо духтарам набераҳоям буданд. Маро метавонистанд аз кишвар бадарға кунанд. Кӣ метавонист он замон аз ман пуштибонӣ кунад?", - гуфт Юлдуз.

Ӯ изҳор дошт, ки он давра Каримова барои ӯ подоше надода буд, вале барои рад кардани хоҳиши Каримова Юлдузро аз баргузории консертҳо дар Узбакистон, маҳрум мекарданд.

Король на концерте, лезгинка Усмановой и стихийные пляски - видео - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова бо лезгинка дар Маскав ҳамаро ба по хезонд - видео

Юлдуз Усмонова ҳамчунин дар бораи тарси худ нақл кард. Ӯ фикр мекард, ки барои рад кардани фармоиш ё хоҳиши духтари президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов ӯро метавонистанд аз кишвар берун кунанд.

Чунин посух пас аз он садо дод, ки рӯзноманигор аз Юлдуз пурсон шуд, чаро Юлдуз чанд моҳ пеш Каримова дашном дод, дар ҳоле, ки барояш суруд эҷод карда буд.

Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд

"Ӯ ҷонибҳои хуб ҳам дошт. Вале биёед росташро гӯем: давлатро ку ғорат карданд", - гуфт овозхон.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, Юлдуз Усмонова тариқи муроҷиати видеоӣ духтари бузургии президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримовро дузд унвон кард.

Лентаи хабарҳо
0