Консерти сарояндаи машҳури узбакистонӣ дар Маскав се соат идома кард. Посбонони овозхон аз уҳдаи кори худ набаромаданд: мухлисон назди саҳна ҷамъ шуданд, то ба сарояндаи дӯстдоштаашон наздиктар бошанд.
Мухлисон бо Юлдуз селфӣ мегирифтанд, гулдаста тақдим мекарданд ва ҳамроҳаш суруд мехонданду мерақсиданд.
Мусоҳиба бо Юлдуз Усмонова: набояд аз миллати худ шарм дошт - видео
Юлдуз барои ҳаводоронаш сурудҳои нав ва дӯстдоштаи пешинро пешкаш кард. Ҳунарманд дар саҳна бо энергияи тоза барои ҳаводоронаш лезгинка пешкаш карду ба чанд забон: русӣ, узбакӣ, тоҷикӣ, форсӣ ва туркӣ суруд хонд.
Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд
"Суруд дар бораи Ватан бисёр ҷозибанок буд. Аз ҳама муҳимаш Юлдуз ба фарзандони ҷумҳурӣ муроҷиат кард, ки номи ҷумҳуриро баланд бардоранд", - гуфт Юсуп Ҷураев дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.
Мухлисон ҳамроҳи сарояндаи дӯстдоштаашон суруд мехонданд мерақсиданд ва зери навои "Мама" ашкҳои чашмонашон равон мешуд.
"Ман бисёр бераҳмам": Юлдуз Усмонова дар бораи сурудҳои худ ва ҷалби ҳаводоронаш
"Намегӯям, ки ман хуб ё бадам. Вале ман кӯшиш мекунам, ки дарди мардумро фаҳмам, чӣ фикрҳое онҳо доранд, дар зиндагиашон чӣ мегузарад. Ман қатрае аз дохили ин халқ ҳастам ва ман дигар намешавам", - изҳор дошт Юлдуз Усмонова.
Таманниёти шоҳи мусиқии Русия Филипп Киркоров, бардошти мухлисон ва фазои консертро аз навор бубинеду эҳсос кунед.