ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Имрӯз, 17 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ба баҳрабардорӣ расониданд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотӣ, бинои асосии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои фаъолияти кормандон аст.
Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад.
Дар ин ҷо ҳамзамон 2 хуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.
"Бинои нав дорои китобхонаи муосир мебошад, ки бо адабиёти соҳавӣ ва бадеӣ таъмин аст. Кормандони Агентӣ метавонанд аз китобхонаи электронӣ низ, ки бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад, ба таври васеъ истифода баранд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз ба кормандони Ожонс 175 адад компютери муосир тақдим карда шудааст
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Ожонс моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёд гардидааст.
Ёдрас мешавем, бар асоси фармони раисиҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи август имзо кард, теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Ожонси мубориза бо фасод кам карда шуда, 209 нафар муқаррар гардид.
Қаблан ин нишондод 222 нафарро ташкил медод ва бар асоси фармони ҷадиди раисиҷумҳур шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба 209 нафар расонда шуд.
Феълан шумораи умумии кормандони Ожонси зидди фасод 479 нафар, аз ҷумла 209 нафар барои дастгоҳи марказӣ муқаррар шудааст.
Ожонси зидди фасод, моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур таъсис ёфта, дар аввал теъдоди воҳиди корӣ барои ин ниҳод 587 адад муқаррар шуда буд.