Мусодираи маводи пиротехникии “Снайпер”, “Черный смерт” ва “Трения” дар Исфара

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкХлопушка, архивное фото
Хлопушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Кормандони мақомти милиса дар шаҳри Исфара аз як ҷавони 22 сола миқдори калони маводи пиротехникӣ аз қабили “Снайпер“, “Черный смерт” ва “Трения” мусодира кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ба гуфтаи манобеъ аз РВКД дар вилояти Суғд, ҳолати даст ба муомилоти ғайриқонунии маводи пиротехникӣ задани ин сокини 22 солаи шаҳри Исфара дар ҳоле аз сӯи ШВКД Исфара-1 ошкор карда шудааст, ки санаи 12-уми декабр аз ӯ маводи тарфгарӣ “ба миқдори 28 ҳазору 800 дона маводи “Трения”, 432 дона намуди “Снайпер”, 200 дона намуди “Черный смерт” ва 432 дона навъи дигари маводи тарфгарӣ гирифта шудааст”.

Продажа пиротехники в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Мусодираи 6 ҳазору 800 дона "хлопушка" дар Суғд

Бар пояи маълумотномаи ташхисоти криминалистӣ, маводи мусодирашуда коршоям будааст.

Зимнан оиди ин ҳодиса бар асоси асноди ҳуқуқӣ (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот довом дорад.

Милисаҳо аз ҷавони 18-сола 4 ҳазору 800 дона "хлопушка" мусодира карданд

Ҳамасола бо наздик шудани соли нави мелодӣ аз ҳолатҳои машғул шудани шаҳрвандон, асосан ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ зиёд гуфта мешавад.

Ин маводҳо аз роҳҳои ғайрирасмӣ умдатан аз кишвари Қирғизистон ворид шуда ва аз ҷониби ҷавонон ба муомилот гузошта мешавад.

ВКД чанде пеш ҳам аз боздошти як сокини 28-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров иттилоъ дода буд, ки аз дохили автомашинааш тамғаи “Мерседес -Спринтер” 28 ҳазор дона маводҳои тарфгарии навъи “Трения” дарёфт шудааст.

Савдои мамнӯи “хлопушка” дар Душанбе: боздошти ҷавонзану ноболиғон дар арафаи Соли нав

Ҳукумати Тоҷикистон сар аз соли 2017, Қонун “Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ” ро қабул карда воридоти онро манъ намудааст. Ҳадафи асоси Қонуни мазкур таъмини шахсии бехтарии шаҳрвандон ва саломатии онҳо гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0