Мусодираи 6 ҳазору 800 дона "хлопушка" дар Суғд

© Sputnik / Александр Кожохин / Гузариш ба медиабонкПродажа пиротехники в Москве
Продажа пиротехники в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳамагӣ дар зарфи чанд рӯзи ахир дар вилояти Суғд наздики 7 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира шуд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бино бар иттилои ниҳод, кормандони милиса аз сокинони ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд дар умум 6 ҳазору 800 маводи тарфгариро мусодира карда, муомилаи ғайриқонунии онро пешгирӣ кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. 

"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофании дар дасташ буда, мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд 3000-дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения” дарёфт ва гирифта шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди бозори марказии “Сомон”-и шаҳри Бӯстон зани 20-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофании зани номбурда, мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд 3000-дона маводи тарфгарии тамғаи “С Новым годом” дарёфт ва гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз, марди 44-солаи сокини ноҳияи Спитаменро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд 800-дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения” дарёфт ва гирифта шуд.

Муайян карда шуд, ки номбурда маводи тарфгарии мазкурро ба маблағи 70-сомонӣ ба ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи Спитамен, хонандаи синфи 9-уми МТМУ фурӯхтааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо барои оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида шуда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0