Мақомоти шаҳри Душанбе тарҳи буҷаи соли 2020-ро баррасӣ мекунанд

Обуна шудан
Дар ин ҷаласа натиҷаҳои руди иҷтимоъиву иқтисодии шаҳр дар соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои соли оянда мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи намояндагони мардумии шаҳри Душанбе, ки рӯзи 23 декабр барпо мегардад, тарҳи будҷаи соли оянда баррасӣ хоҳад шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, ҳамчунин, дар ин ҷаласа натиҷаҳои руди иҷтимоъиву иқтисодии шаҳр дар соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои соли оянда мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Афзун бар ин, раванди иҷрои барномаҳову тадбирҳои шаҳрдорӣ дар бобати умури ҷавонон ва хонаводагон баррасӣ мегардад.

Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии Ҳукумат: эълони қурби доллар барои соли 2020

Ёдрас мешавем, ки буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2020, ки Ҳукумат тасвиб карду парлумон ҳафтаи равон қабул намуд, бо ҳисоби қурби як доллар баробари 10,2 сомонӣ таҳия шудааст.

Дар таҳияи буҷаи давлатӣ барои соли 2020 афзоиши ММД ба андозаи 7,8 фоиз -  муодили 87,4 миллиард сомонӣ ва меъёри таваррум - 6,8 фоиз ба назар гирифта шудаст. Дар барномарезиҳои давлати Тоҷикистон барои соли 2021 қурби як доллар ҳудуди 10,8 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар буҷаи соли равон қурби 1 доллар – 9,7 сомонӣ ва меъёри таваррум 6,3 фоиз барномарезӣ шуда буд.

Ҳамчунин ҳаҷми умумии хароҷоти буҷа дар соли 2020 дар ҳаҷми 26 миллиарду 403,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати даромад 349,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0