ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар таҳияи буҷаи давлатӣ барои соли 2020 афзоиши ММД ба андозаи 7,8 фоиз - муодили 87,4 миллиард сомонӣ ва меъёри таваррум - 6,8 фоиз ба назар гирифта шудаст. Дар барномарезиҳои давлати Тоҷикистон барои соли 2021 қурби як доллар ҳудуди 10,8 сомонӣ ҳисоб шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар буҷаи соли равон қурби 1 доллар – 9,7 сомонӣ ва меъёри таваррум 6,3 фоиз барномарезӣ шуда буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, даромади буҷаи соли 2020, ки аз ҷониби вазири молия, Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ гардид, ба андозаи 26 миллиарду 54 миллион сомонӣ пешбинӣ шудаст, ки нисбати буҷаи 2019 ба андозаи 9,6 фоиз ё 2 миллиарду 279,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавсифи ХБА аз болобарии нархи барқ ва тавсияҳои нав
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷа дар соли 2020 дар ҳаҷми 26 миллиарду 403,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати даромад 349,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар назар аст, соли 2020 ба соҳаи маориф 5 миллиарду 4,7 миллион сомонӣ, соҳаи тандурустӣ - 1 миллиарду 841,3 миллион сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 3 миллиарду 911,6 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш - 972,6 миллион сомонӣ, барои рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 1 млрд. 230,7 млн. сомонӣ, энергетика - 3 млрд. 927,6 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия - 1 млрд. 969,4 млн. сомонӣ, кишоварзӣ - 785,5 млн. сомонӣ ва саноату сохтмон 232,4 миллион сомонӣ харҷ карда шавад.
Котиботи парлумон қайд кардааст, ки дар буҷаи соли 2020 барои пардохти музди меҳнат 5 миллиарду 333,7 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудаст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои буҷаи соли равон 443,2 млн. сомонӣ ё 9,1 фоиз зиёд мебошад.