ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков бояд боварию ҳамдигарфаҳмиро дар дили мардуми оддӣ афзояд, қайд кардааст коршиноси Шӯрои Русия оид ба корҳои хориҷӣ, Никита Мендкович дар мусоҳиба ба радиои Sputnik.
“Гап дар сари он, ки муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои “анклавӣ” ва дар сатҳи сокинони ин гуна ҷойҳо хуруҷ мегиранд, барои ҳамин бояд корҳои аз байн бурдани муноқишаҳо бояд дар ҳамон ҷойҳо гузаронида шаванд”, - қайд кардааст коршинос.
Мендкович гуфтааст, ки дилхоҳ барқароркунии муносибатҳо дар сатҳи расмӣ миёни роҳбарони кишварҳо – қадами муҳим барои ба имзо расонидани созишномаҳо дар бораи муайян ва аломатгузории марзӣ мебошад.
Вай ёдовар шуд, ки дар давоми сол якчанд маротиба дар ин минтақаҳо муноқиша ба амал меояд, ки то ба мудохилаи қисмҳои сарҳадӣ оварда мерасонад.
Коршинос муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро “нуқтаи хатарафзо” номида, барои ҳалли он сиёсати мустақилонаи ҳарду ҷонибро лозим медонад.
Мендкович барои мисол муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистону Узбакистонро зикр кардааст. Ҳолатҳои задухурд миёни ҷонибҳо кам набуданд, ҳатто замоне дар марз техникаи зиреҳпӯш ба назар мерасид.
Аммо, ба гуфтаи коршинос дар даврони раисҷумҳури нав мушкилии марзӣ миёни ҳарду кишвар ҳалли худро ёфт.
“Умедворам, ки Тоҷикистону Қирғизистон, низ ба наздикӣ ин мушкили худро ҳал хоҳанд кард”, - қайд кард Менддкович.
Дар ин росто, СПАД низ корҳои лозимаро оид ба амнияти минтақа ба роҳ мондааст.
Дар муноқишаҳои пешин ин созмон ба ҳайси роҳбарикунанда ва ё “модератор” баромад намуда, ҷараёни гуфтушунидҳоро ба танзим дароварда буд.
Никита Мендкович пешниҳод кардааст, ки ин таҷрибаро мебояд бори дигар барои боло бурдани боварию ҳамдигарфаҳмии ҷонибҳо такрор намуд, то зудтар мушкилро ҳал кунанд.