Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд

CC0 / Pixabay / Черный чай
Черный чай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нӯшидани беш аз 700 милилитр чойи ҳарораташ 60 ё баландтар дар як рӯз, хатари гирифторӣ ба саратонро то 90 дарсад меафзояд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Олимон муайян кардаанд, ки нӯшидани чойи ҷӯш хатари бузурги гирифторшавӣ ба саратонро дар пай дорад. Дар ин бора дар портали EurekAlert навишта шудааст.

Олимон бо ширкати беш аз 50 ҳазор нафари аз 40 то 75 сола таҳқиқот гузаронидаанд. Дар давоми даҳ соли озмоиш 317 кас ба бемории саратон дучор шудааст.

Муайян карда шудааст, ки нӯшидани беш аз 700 милилитр чойи ҳарораташ 60 ё баландтар дар як рӯз, хатари гирифторӣ ба саратонро то 90 дарсад меафзояд.

"Аксари одамон нӯшидани чой, кофе ё дигар навъи нӯшокиҳои гармро дӯст медоранд. Вале, тибқи таҳқиқоти мо нӯшидани чойи аз ҳад зиёд гарм, риски гирифторӣ ба саратонро меафзояд. Барои ин бояд интизор шуд, то нӯшокиҳои гарм хунук шаванд ва баъд онҳоро истишмоъ кард", — мегӯяд муаллифи таҳқиқот профессор  Фарҳод Исломӣ аз Ҷамъяити саратоншиносии Амрико.

Грант Дандуров - Sputnik Тоҷикистон
Агар чой хушбӯй бошад, барги чой табиъӣ нест: коршинос

Пештар дар бораи хубиҳои чойхӯрӣ гуфта будем.

Чойи сабз ба кас бедорӣ мебахшад. Дар таркиби чойи сабз кофеин, катехинҳо ва антиокисидантҳо ва дигар маводи судманд фаровон аст. Чунин чойро бояд саҳаргоҳон ва рӯзона нӯшид.

Муовини раиси Федеросюни йогаи Арманистон ва чойшинос Грант Дандуров гуфт, ки чойи воқеъӣ аз рустании Camellia sinensis омода карда мешавад. Ӯ афзуд, ки беҳтарини навъи чой дар Чин мерӯяд. Чойи сиёҳ, ки танҳо дар нохунак чой аст, — баръакс касро ором мекунад ва нӯшидани он пеш аз хоб тавсия дода мешавад.

Коршинос бар ин аст, ки афзудани шакар ба чой хуб нест. Беҳтар аст мевае хушккардаро бо чой ҳамроҳ кунед. Тавлидкунандагони чой онро бо афзуданиҳои гуногун вайрон намекунанд. "Агар чойи шумо хушбӯй бошад, пас худи барги чой ба иллате вайрон шуда будааст", — гуфт коршинос.

Пештар хабар дода шуд, ки чаҳор бонуи тоҷик ҷоизаҳои Ҳамоиши ҷаҳонии навоваронро ба даст оварданд. Чунончи, Тоҷиниссо Зубайдова барои падид овардани маводи глукозкоҳандаи "Ферубет" ва чойи оромбахши "Денисенко" медоли тилло ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0