ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Бино ба гузориши ВУД, номбурда, рӯзи 13-уми октябри соли 2019, дар кӯчаи С. Шерозии пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 48000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини кӯчаи Қаротегини пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 15-уми апрели соли 2019 дар кӯчаи С.Шерозӣ бо роҳи фиреб ба боварии зани 34-солаи сокини кӯчаи мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, ки арзишаш 32 ҳазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми октябри соли 2019, дар кӯчаи Ҷ.Икромии пойтахт марди 30-солаи сокини кӯчаи Ховарон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ” гирифта медиҳад, аммо то ҳол на автомашинаро додааст ва на маблағи гирифтаашро баргардонидааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.