Боздошти се қиморбоз дар Душанбе

© Arcaion / pixabayКолода карт
Колода карт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се қиморбоз дар пойтахт хабар медиҳад, ки қаблан низ барои машғул шудан ба ин кор дастгир ва ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 3-нафар қиморбозро дастгир намуданд, ки қаблан низ чандин маротиба барои машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда буд.

Задержанный мужчина организовавший казино в собственной квартие - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти сокини 68 солаи Восеъ: манзили зисташро ба қиморхона табдил дод

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, Муродалӣ Баротов, Шаҳзод Шоқулов ва Зафар Олимов бори аввал нест, ки барои қиморбозӣ ва фиреби мардум ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Манбаъ меафзояд, Муродалӣ Баротов моҳи октябри соли 2017 низ дар пайи дар матбуот нашр шудани видеои фиребгариаш дастгир гардида буд.

Видеои қиморхонаҳои чипдори Душанбе ва мизоҷони хонабардӯши “Инвест Лото”

Дар яке аз он видеоҳои ду сол пеш дида мешуд, ки ӯ ҳатто кормандони милисаро дар бозии "алик-малик” фиреб медиҳад ва сипас ба ҳама муроҷиат мекунад, ки ин бозӣ як фиреб аст, касе чизе бурда наметавонад ва беҳтараш, бозӣ накунанд.

Вале Баротов хеле зуд озод шуда, ба "касб”-и чапдастиаш идома дод. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Муродалӣ Баротов барои бозии "алик-малик” аз ҷониби кормандони милисаи пойтахт боз дастгир гардида, ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Раёсати ВУД мегӯяд, бо дарназардоти ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0