Ҳалокати кӯдак пас аз эмгузаронӣ: Вазорати тандурустӣ мегӯяд тафтишот мебарад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВакцинация, архивное фото
Вакцинация, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Қазоқистон дар робита ба ҳалокати кӯдак пас аз гирифтани эм ба хонаводаи марҳум изҳори тасаллӣ намуда афзудаст, ки таҳқиқи ин ҳодисаро зери назорати қатъии худ қарор додаст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазорати беҳдошти Қазоқистон омили асосии ҳалокати кӯдакро таҳқиқ дорад, ки ба эҳтимоли зиёд бар асари нодуруст гузарондани эм ҷон бохтаст.

Вазири беҳдошти ин кишвар Елжан Биртанов дар ҷамъи хабарнигор бобати ин қазия изҳори назар намуда, афзудааст, ки ин ҳодисаи нохушро зери назорати қатъии худ қарор медиҳад.

"Аз ҳалокати кӯдак бисёр мутаассиф ҳастем. Аз даст додани фарзанд  ғаму ғуссаи бузурге аст барои хонаводаи ӯ. Вазорати тандурустӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса тамоми чораҳои заруриро меандешад", - изҳор намудаст Елжан Биртанов.

Гузашта аз ин, вазири беҳдошт илова намудаст, ки то имрӯз ягон далели тасдиқшаванда оиди фавти ин кӯдак бар асари эмгузаронӣ ба ҷузъ аз баёнияи модараш мавҷуд нест.

Вакцинация , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 15 нафар аз маризии сурхакон дар Қазоқистон: аксараш кӯдакон буданд

"Баёнияти як нафар басанда нест, то хулосаи ниҳоӣ барорем. Аз ин рӯ барои дақиқан маълум кардани омили ҳалокати ин тифл тамоми чораҳои лозимиро пиёда намудем ва дар ояндаи наздик муаммои сарбаста кушода мешавад, гуфтааст вазири тандурустии Қазоқистон.

Дар вилояти Суғд 99 дарсади кӯдакон аз хатари бемории сурхча эмин шуданд

Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи декабр як  корбари Instagram @rozovyi.enot.astana хабари фавти кӯдакашро паҳн намуд ва изҳор дошт, ки фарзандаш пас аз гирифтани эм ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0