Ҳалокати 15 нафар аз маризии сурхакон дар Қазоқистон: аксараш кӯдакон буданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкВакцинация , архивное фото
Вакцинация , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳалокати одамон аз ин навъ маризӣ бештар дар Нур-Султон ба қайд гирифта шуд. Вазорати беҳдошти ин кишвар мегӯяд, аслан кӯдаконе, ки эмгузаронӣ нашуданд, фавтиданд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазорати беҳдошти Қазоқистон аз ҳалокати 15 нафар сокинони маҳаллӣ бар асари маризии сурхакон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои вазири тандурустии Қазоқистон, Елжан Биртанов, аксари ҳалокшудагонро кӯдакон ташкил доданд, ки бинобар эмгузаронӣ нашудан ҷон аз даст доданд.

"Давоми 8 моҳи соли равон дар Қазоқистон аз маризии сурхакон 15 нафар ҷон аз даст доданд, ки шумораи бештари ҳалокшудагонро нафароне ташкил доданд, ки эмгузаронӣ нашудаанд", - изҳор намудаст вазири тандурустӣ.

Зимнан, сардухтури Сарраёсати давлатии бемориҳои санитарӣ, Жандарбек Бекшин дар робита ба бурузи ин беморӣ афзудааст, ки дар маҷмӯъ 19 нафар гирифтори ин маризӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шуд, ки 14 ҳолати гирифторӣ ба сурхакон  дар шаҳри Нур-Султон сурат гирифтаст.

Сурхакон касалии гузарандаи бачагона мебошад, ки бо аломатҳое чун баландшавии ҳарорати бадан, изтиробу бехобӣ, ташнагӣ ва ҳамчунин баромадани доначаҳои сурх дар бадан буруз мекунад.

Дар аксари ҳолатҳои вазнини ин маризӣ, беморон метавонанд ҷон аз даст диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0