Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ барои таҳияи рамзи 5500-солагии Саразм

© Sputnik / Стас ЭтвешРаскопки Саразма в пригороде Пенджикента
Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои таҳия ва пешниҳоди рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, мақсади ин озмун дар сатҳи баланди касбӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик мебошад.

Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур рӯз ва ҷои ҷашни 5500-солагии Саразмро муайян кард

“Ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин намунаи осори рассомии ҷавобгӯ ба меъёрҳои касбии санъати тасвирӣ мебошад, ки таҷассумгари тамаддун ва таъриху фарҳанги миллӣ, тарғиби ватандорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия. 

Вазорат таъкид кардааст, ки барои эҷоди беҳтарин рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ба ғолиби озмун маблағи 10000 сомонӣмукофотпулӣ муайян гардидааст.

“Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғолибон ва фаъолон бо ифтихорнома ва нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ мегарданд”, - таъкид кардааст Вазорат.

Ин ниҳод  аз шаҳрвандоне, ки хоҳишмандони иштирок дар Озмун даъват кардааст, ки маводҳоро ба озмун ба суроғаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, - 734025 шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34 пешниҳод намоянд. Барои иттилои бештар Вазорати фарҳанг телефонҳои 2210200 ва 2216466 ироа намудааст.

Лентаи хабарҳо
0