https://sputnik.tj/20191212/Bozdoshti-se-tojikistoni-dar-Volgograd-bo-mavodi-mukhaddir-1030384519.html
Боздошти се тоҷикистонӣ дар Волгоград бо маводи мухаддир
Боздошти се тоҷикистонӣ дар Волгоград бо маводи мухаддир
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Волгогради Русия се шаҳрванди 32, 23 ва 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд 12.12.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-12-12T13:40+0500
2019-12-12T13:40+0500
2019-12-12T13:55+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/17/1024541781_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_22bcdc24e4a0dfe54d324ee76fdd8ee4.jpg
волгоград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/17/1024541781_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_08342680d2d7837da6115db0a9da74cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар тоҷикистон, волгоград
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар тоҷикистон, волгоград
Боздошти се тоҷикистонӣ дар Волгоград бо маводи мухаддир
13:40 12.12.2019 (Навсозишуда: 13:55 12.12.2019) Дар шаҳри Волгогради Русия се шаҳрванди 32, 23 ва 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бино ба иттилои Раёсати шаҳрии ВКД-и Русия, ин афрод ҳангоми омодасозии 1 килограмм ҳероин барои фурӯш ба даст афтодаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Кирови шаҳри Волгоград манзилеро ба кироя гирифта ва ба қочоқи ҳероин машғул будаанд.
Нисбати ин афрод бо моддаи "Қочоқи маводи мухаддир ба миқдори хеле калон" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Сокини Бадахшон барои 1 кг ҳашиш ба 12 соли зиндон маҳкум шуд
Гуфта мешавад, дар сурати собит шудани ҷурмашон дар суд ин се нафар ба муддати то 20 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.
Зимнан, дар моҳи августи соли ҷорӣ суди ноҳияи Красноярски вилояти Самараи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир ба 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда буд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи вилояти Самара, фарди гумонбар рӯзҳои 23-24 ноябри соли 2018 ба миқдори 25 килограмм маводи мухаддири героинро аз Толяттӣ харидорӣ карда ва озими шаҳри Кемерово шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи Красноярски вилояти Самара пулис ин шахсро боздошт кардааст.
Шаҳрванди 21 солаи Тоҷикистон барои қасди интиқоли героин 8 сол равонаи зиндон шуд
Ҳамчунин, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар шаҳри Пензаи ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд.