ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Як масъули Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маворди мухаддир аз Афғонистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишвараш ба Тоҷикистон ҳамаҷониба кумак мекунад.
Дар ин бора Василий Писарев, раиси Кумитаи оид ба амният ва мубориза бо коррупсияи Думаи давлатӣ зимни мулоқот бо Шерхон Салимзода, раиси Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар шаҳри Маскав иброз доштааст.
Ба гуфтаи Василий Писарев, ҳамасола дар Афғонистон ҳудуди 8-9 ҳазор тонна маводи мухаддир истеҳсол мешавад, ки бахше аз он ба Тоҷикистон ворид мегардад.
Зимнан, Русия бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориҳои густариш медиҳад.
Боздошти тоҷикистонӣ бо 20 кг героин дар Узбакистон ҳангоми қасди интиқол ба Қазоқистон
Қобили зикр аст, ки дар чорчӯби амалиёти муштараки ниҳодҳои марбутаи ин ду кишвар мавсум ба “Канал” дар соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2,2 ҳазор ҷинояти вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ошкор ва 765 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.