Нигина Амонқулова сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон намоҳанги навашро дар шабакаи иҷтимоии YouTube дар сафҳаи AZIM Production мунташир намудаст.
Намоҳанг зери унвони "Ҷудоӣ" буда, дар он ҳунарманди сино ва театри Тоҷикистон Қурбони Собир ва ровии писандидаи мардуми тоҷик Мубориз нақш офаридаанд.
Нигина дар намоҳанги наваш аз бевафоӣ ва беэҳтиромии шавҳар нисбати ҳамсар ва фарзанди кӯчакаш қисса мекунад.
"Дидаи гирён": нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова
Ин намоҳанг тазо ба шабакаи YouTube ворид гардид ва дар 22 соати пахшаш аллакай аз ҷониби 70 ҳазор тамошобин писандида шуд.
Зери суруди нав садҳо нафар аллакай шарҳ гузоштанд ва қариб ҳамаи онҳо аз овози зебои ин сароянда ва тарзи либоспӯшии ӯ васф намудаанд.