Суруди нави сарояндаи машҳури тоҷик Нигина Амонқулова тоза ба шабакаи YouTube роҳ ёфтаст. Суруди нави Нигина таҳти унвони "Дилам мешиканӣ" буда, дирӯз, 8 - уми декабр нашр шудааст.
Сабти суруд дар студия сурат гирифта, танҳо давоми ду рӯз, ки дастраси тамошобинон гардидааст, аллакай аз ҷониби беш аз 4 ҳазор нафар тамошо ва баҳогузорӣ шудаст.
Оҳанги суруди "Дилам мешиканӣ" бо қалами Эҳсон тааллуқ дорад. Суруд аз ҷониби Qiam Entertainment омода шуда, оҳанги онро Бобоҷон офаридааст.
"Ай дил маро бубахш": нашри суруди нави Нигина Амонқулова
Зери суруди нав садҳо нафар аллакай шарҳ гузоштанд ва қариб ҳамаи онҳо аз овози зебои ин сароянда ва тарзи либоспӯшии ӯ васф намудаанд.