Маросими супоридани Ҷоизаи Нобел - пахши мустақим анҷом ёфт

Обуна шудан
Маросими ҷоизасупории Нобел чун анъана рӯзи 10 декабр, дар рӯзи марги таъсисдиҳандаи ҷоиза соҳибкори шведсиягӣ ихтироъкор Алфред Нобел, оғоз шуд

Ҷоизаи Нобел яке аз ҷоизаҳои қиматбаҳои байналмилалӣ дар дунё шинохта шудааст.

Ин ҷоиза ҳарсол ба олимони соҳаҳои гуногун барои ихтироъкориҳо ва навовариҳои намоён дода мешавад.

Ҷоизаи Нобел: Чаро Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст?

Дар васиятномаи Нобел ҷудо намудани ҷоиза барои ихтироот дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва ё тиб, адабиёт пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин ин ҷоиза барои пойбарҷо гузоштани сулҳ дар рӯи замин дода мешавад.

Бо қарори комиссия ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт дар соли 2019 ба нависандаи австриягӣ Петер Хандка насиб шудааст. Ин ҷоизаи пурарзиш барои соли гузашта, яъне 2018 ба нависандаи Полша Олга Токарчук расида буд.

Академия расман Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кард

Тайи ин ҳафта гирандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаҳои физика ва тиб, низ маълум гардида буданд.

​Мувофиқи қарори комисия ҷоизаи Нобелро дар соҳаи физика Ҷеймс Пиблз, Мишел Майор ва Диде Келоз соҳиб шуда буданд.

Политолог, заместитель директора Национального института развития современной идеологии Игорь Шатров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: ҷоизаи Нобел ба Трамп кумитаро шарманда мекунад

Қайд шуда буд, ки ҷоизаи Нобел ба Ҷеймс Пибл барои ихтироъи назариявӣ дар соҳаи космологияи физикӣ ва Мишел Майор ва Диде Келоз барои кашфи планетаи экзотикӣ, ки дар гирди ситораҳои офтобшакл давр мезанад, дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод карданд

Мувофиқи қарори комисия ҷоизаи Нобелро дар соҳаи тиб Уилям Келину, Петер Ратклифф ва Грегг Сементсе соҳиб шуда буданд.

Дар иттилоия омада буд, ки ба ин олимон ҷоиза барои кашофии нишондиҳии реаксияи клеткаҳои зинда ҳангоми мавҷудияти оксиген дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0