Коршинос: ҷоизаи Нобел ба Трамп кумитаро шарманда мекунад

© Фото : FacebookПолитолог, заместитель директора Национального института развития современной идеологии Игорь Шатров, архивное фото
Политолог, заместитель директора Национального института развития современной идеологии Игорь Шатров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Игор Шатров сиёсатшинос, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи миллии рушди идеологияи муосир дар бораи кӯшишҳои ҳамроҳшавии Доналд Трамп ба гуфтушуниди пешвоёни нимҷазираи Куриё гуфт

Вакил аз ҳизби ҷумҳурихоҳони Амрико Линдси Грэм пешниҳод кардааст, ки агар Доналд Трамп пешвоёни нимҷазираи Куриёро оштӣ дода тавонад, ба вай ҷоизаи Нобел диҳанд.

Сиёсатшиноси рус Игор Шатров ин пешниҳоди вакилро тавзеҳ дод.

Шатров: Трамп пытается примазаться к чужому процессу примирения
"Дар торихи Амрико як президент ҳаст, ки ҷоизаи Нобелро гирифтааст, ин ҳам бошад, на бораи коре балки барои ваъадаҳояш. Аллакай ҳамагон фаромӯш карданд, ки Борак Обама барои чӣ соҳиби ин ҷоизаи пурнуфуз гашта буд. "Барои кӯшишҳои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дипломатӣ байни миллатҳо"- унвон дода мешуд, "хизмати" Обама, аммо пас аз чанде ҷанг шурӯъ шуд, ки як кишварро ба нобудӣ бурд, ман Либиёро дар назар дорам", — мегӯяд коршинос.

Ҷоизагирии Обама Кумитаи Нобелро беобрӯъ кард, афзуд вай.

"Мо мебинем, ки ИМА кӯшиш дорад ба дастовардҳое, ки Куриё бе кӯмаки Амрико ба даст овард, худро ҳамроҳ кунад",- тавзеҳ дод вай.

Пешвоёни Куриё ҷасорати дипломатии худро нишон дода, бо ҳам мулоқот оростанд ва дар рафти дидорашон боре ҳам номи Доналд Трампро нагирифтанд, мегӯяд вай.

Маълумоти бештарро аз сабти овозии боло гӯш кунед.

Лентаи хабарҳо
0