ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, ки ахиран ба имзо расид аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
“Тибқи ин қарор раёсати омори шаҳри Хуҷанд вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои дар муҳлатҳои муайягардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд”, - қайд намудааст манбаъ.
Инчунин тибқи қарори мазкур сохторҳои дахлдор, ки дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.
“Пурсишҳо бо се тарз - яъне пур кардани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифодда аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои шаҳр сурат мегирад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон дар соли 2020 дар мудати 15 рўз идома меёбад.
Дар маъракаи барўйхатгирии аҳолӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистон, нафарони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки замони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон муваққатан ҳастанд, шаҳрвандоне, ки муваққатан ҷумҳуриро тарк кардаанд, иштирок менамоянд.
Чунин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ бори аввал соли 2000-ум анҷом ёта буд ва сипас дар соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил низ гузаронида шуд.