ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлол, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунад.
Бино ба гузориши мақомоти шаҳри Душанбе, дар доираи Нақша-чорабиниҳои ин мақомот, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ширкати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳашари дарахтшинонӣ доир гардидааст.
Рустами Эмомалӣ дар оғоз бо ҷараёни корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар пойтахт мароқ зоҳир намуда, ба Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" рафтааст ва бо дарахту буттаҳои нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд, шинос шудааст.
"Дарахту буттаҳои воридотӣ ба иқлими Душанбе мутобиқ буда, дар баробари зебову дилкаш буданашон, ба саломатии инсон ва тозагии муҳити экологии атроф низ таъсири мусбӣ мегузоранд", - омадааст дар хабарнома.
Аснои ошноӣ, раиси шаҳри Душанбе ба масъулин бобати риояи қоидаҳои зарурӣ ҳангоми интиқоли дарахту буттаҳо то ба кишвар, инчунин шинонидан ва парвариши минбаъдаи онҳо, дастуру тавсияҳои муфид додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла 1363 бех дарахтони сирени ҳиндӣ, сливаи писардӣ ва клион шинонида шудаанд.
Дар ҳамин ҷо раиси шаҳр ба масъулин бобати тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон, бо истифода аз қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид дастуру супоришҳо додааст.
"Шоҳона" дар боғи суперинтенсивӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ангур шинонд
"Зимни ширкат дар ҳашари умумишаҳрӣ Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи дарахтшинонӣ ниҳол шинонид", афзудааст манбаъ.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо суръат идома дорад.
“Каталпа”, “клён”, “ел”, “слива”, "магнолия": Раҳмон дар назди масҷид чиро шинонд - акс
Дар ин замина, давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ду самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ, наздики 400 бех дарахти Шоҳбулут (дуб) шинонида шуд, ки парвариши минбаъдаи он зери назорати хосса қарор дорад.