Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Тошканд гардида буд.
Ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрдори Душанбе, берун аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масъалаҳои татбиқи созишномаи роҳбарони ду пойтахт, ки моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ намуданд.
Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкорӣ байни ду шаҳр барои соли 2020- ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Баъди боздид аз Самарқанд Рустам Эмомоалӣ ба Душанбе баргашт - акс
Рустам Эмомалӣ ҳамзамон аз шаҳри Самарқанд боздид намуда, аз ёдгориҳои фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо ва маҷмааҳои саноатии Самарқанд дидан кард.
Нахуст ҳайати шаҳри Душанбе ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ва маҷмаа-мақбараи меъмории Имом Бухорӣ ташриф оварда, баъдан бо дигаргуниҳои шаҳр шинос шуда, дар бораи мутафаккирони бузурги сарзамини муқаддаси Самарқанд ва дар бораи саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот гирифтанд.









