Гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ мардуми ВМКБ - ро аз ҳамлаи гургон ҳимоя мекунад

CC0 / Pxhere / Волк в лесу, архивное фото
Волк в лесу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро гурӯҳи махсус аз ҳисоби гурӯҳи зиддитеррористӣ "Алфа"- и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳамлаи гургон ҳимоя мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Бо ибтикори мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят гурӯҳи махсус аз ҳисоби гурӯҳи зиддитеррористӣ "Алфа"- и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори гургон таъсис дода шудааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти мақомоти ВМКБ, ин гурӯҳ ба ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадоли ва Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ҷамоатҳои Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев ва Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар гардидаанд.

Бабри барфӣ дар водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Гурӯҳи мазкур бо лавозимоти шикори муосир таъмин буда вазифаи асосии онҳо нобуд сохтани гургон дар деҳотҳои вилоят мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳамлаи гургон дар деҳотҳои вилоят ба назар мерасид.

Ҳалокати модару духтари 83 ва 55-сола аз ҳамлаи гургҳо дар Поршневи ВМКБ

Дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз ҳамлаи гургон ду нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳуҷуми гургон ва паланг дар фасли сармо ба манзилҳо ва оғилхонаҳои мардуми маҳалии ВМКБ тез тез рух медиҳад.

Ғизо мекобанд: ҳалокати ду зан ва ҷароҳати кӯдаку милиса дар пайи ҳамлаи гургҳо дар Шуғнон

Ҳамин тавр авоили моҳи октябр дар деҳаи Разуҷи водии Бартанг бабри барфӣ ё озодапаланг 10-12 сар моли майдаи сокинони маҳаллиро хӯрд.

Лентаи хабарҳо
0