Аз кулчақанд то ҷурғоту хокаи ҷомашӯӣ: сӯзонидани 35 тон маҳсулоти хатарнок дар Хуҷанд

© акс аз сафҳаи сухангӯи шаҳри ХуҷандМаҳви хӯроки пастсифат дар Хуҷанд
Маҳви хӯроки пастсифат дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд дасти кам 35 тонна маҳсулоти хӯрока ва дорувории пастсифат сӯзонида шудааст

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин миқдор маводи ниёзи мардум аз ҷониби сохторҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, дар ҳоле маҳв карда шудааст, ки истеъмоли онҳо барои саломатӣ хатарзо будааст.

Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Реэкспорт: 60 тонна равғани пастсифат ба Узбакистон фиристода шудааст

Ба гуфтаи Юсуфзод 35 тон маҳсулоти маҳвшуда иборат аз маводи хӯрока аз қабили кулчақанду ҷурғот ва шарбатҳои сабзиҷот ва ҳам маводи доруворию кимёвию шустушӯӣ будаанд, ки ба далели ҷавобгу набудан ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ аз мағозаву марказҳои шаҳр  мусодира шудаанд.

Саида Умарзода аз ошкори маҳсулоти пастсифат ва доруҳои мӯҳлатгузашта эълон кард

© акс аз саҳифаи сухангӯи шаҳри ХуҷандМаҳви молу маҳсулоти пастсифат дар Хуҷанд
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат дар Хуҷанд
© акс аз саҳифаи сухангӯи шаҳри ХуҷандМаҳви молу маҳсулоти пастсифат аз Хуҷанд
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат аз Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат аз Хуҷанд
1/2
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат дар Хуҷанд
2/2
Маҳви молу маҳсулоти пастсифат аз Хуҷанд

"Дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 24 ҳазор киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд”, афзуд Юсуфзод.

Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшон маводи ғизоӣ ва дорувории пастсифатро мусодира ва нобуд карданд

Бино ба гуфти сардори дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд, ин ҳама маҳсулоти пастсифатро тибқи хулосаи суд, рӯзи 7-уми декабр мақомоти дахлдор дар минтақаи партовҷамъкунии Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд.

Дар ҳоле аз сӯзондани 35 тон маҳсулоти бесифат хабар дода мешавад, ки чанде пеш Пардазода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд оиди иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук низ дар ҷаласае аз боздошти 60 тона равғани пастсифат иттилоъ дода буд.

Ин масъули прокуратураи Суғд иброз намуд, ки ин миқдор равғанро, ки аз Узбакистон ба вилояти Суғд ворид шудааст, бо сабаби пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок буданаш, кормандони идораи гумрук дубора ба соҳибони мол ба ин кишвари ҳамсоя бозпас (реэкспорт) кардаанд.

"Зимни санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои назоратӣ дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ 186, 2 тонна ё ба маблағи 2, 7 милион сомонӣ моли пастсифат ва истеъмолаш барои саломатӣ хатарнок ошкор шудааст”, иброз намуд, Пардазода.

Пардазода Муҳаммадалӣ гуфт, зимни санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои назоратӣ дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ 186, 2 тонна ё ба маблағи 2, 7 милион сомонӣ моли пастсифат ва истеъмолаш барои саломатӣ хатарнок ошкор шудааст.

Дафъаҳои охир, хабарҳо дар хусуси ба муомилот роҳ додани маҳсулоти пастсифати муҳлати истеъмолашон гузашта дар бозорҳои Тоҷикистон зиёд паҳн мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0