Реэкспорт: 60 тонна равғани пастсифат ба Узбакистон фиристода шудааст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРастительное масло. Архивное фото
Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаст тона равғанро, ки аз Узбакистон ба вилояти Суғд ворид шуда буд, бо сабаби пастсифат ва ба саломати хатарнок буданаш, дубора ба соҳибони мол ба ин кишвар баргардонидаанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Пардазода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд оиди иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук бо зикри ин хабар гуфт, ҳолатҳои ворид гардидани маводи ғайристандартӣ ҷой дошта, бо ин сабаб, ин қабил молу маҳсулот, аз муомилот дар бозор боз дошта шудаанд.

Вывеска на здании Таджикстандарт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷикстандарт” аз анбори ширкати “Сомон 2017” 60 тонна равғани ғайристандартӣ пайдо кард

Ин масъули прокуратураи вилояти Суғд, дар ҷараёни ҷаласаи вазъи иҷрои қонунгузории гумрук иброз намуд, ки санҷишу таҳлилҳои прокурорӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди чораандешии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳанӯз иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ дар бораи сарҳад, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, дар ҳудуди вилоят ба таври дахлдор таъмин нашуда, ҳолатҳои воридоти маҳсулотҳои хурокаи пастсифату хатарнок ва даст задани кормандони соҳавӣ ба омилҳои коррупсионӣ ҷой доранд.

Саида Умарзода аз ошкори маҳсулоти пастсифат ва доруҳои мӯҳлатгузашта эълон кард

"Чунончӣ санаи 12 -уми октябри соли ҷорӣ ба суроғаи ҶДММ "Элита тиҷорат" тариқи қатораҳои Роҳи оҳан, 60 тонна равғани пахтаи истеҳсоли Узбакистон ворид шуда мувофиқи ташхиси протоколи ташхиси маркази Тоҷикистандарт дар вилояти Суғд ин миқдор равған ғайристандартӣ ҳисоб шуда, он санаи 30-уми октябри соли равон ба суроғаи молистеҳсолкунанда ба Ҷумҳурии Узбакистон бо интихоби низоми гумрукии бозпас (реэкспорт) гардонида шудааст", -  гуфт Пардазода.

Жители Душанбе покупают продукты - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон беш аз ду ҳазор соҳибкор барои маҳсулоти пастсифат ҷарима шуд
Пардазода Муҳаммадалӣ гуфт, зимни санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои назоратӣ дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ 186, 2 тонна ё ба маблағи 2, 7 милион сомонӣ моли пастсифат ва истеъмолаш барои саломатӣ хатарнок ошкор шудааст.

Давоми 9 моҳ тавассути 13 дидбонгоҳи сарҳадии мавҷудаи Ҷумҳуриҳои Узбакистон ва Қирғизистон ба вилояти Суғд дар умум ба маблағи 49, 7 милион сомонӣ молу маҳсулоти ниёзи мардум ворид шудааст, ки тақрибан 20 % молро маҳсулоти хурока ташкил медиҳад.

Дар ҷаласае дар прокуратураи Суғд гуфта шуд, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, баҳри пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат фаъолияти кормандони хадамоти назорати санитарӣ ва насби таҷҳизотҳои лозимӣ то ба ҳол ба таври кофӣ ҷорӣ карда нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0