ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Филми кӯтоҳи "Дӯғоб"-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Ҷашнвораи синамои "Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ" иштирок менамояд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷашнвораи мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми "Дӯғоб" намояндагӣ мекунад.
Ҳар сол аз 12 то 15 декабр Ҷашнвораи "Қирғизистон- мамлакати филмҳои кӯтоҳ" синамочиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад.
Ҷашнвораи мазкур ҳамасола ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.
Анҷоми нахустин сафари "Суғдсинамо" ба Маскав - навор
Ин сеюмин ҷашнвораест, ки филми кӯтоҳи "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои "Само" ва "Лолаи тиллоӣ" дар он ширкат мекунад.