ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси “Тоҷикфилм” мегӯяд, филми “Бункер” бо пешниҳоди коргардони он дар ду ҷашнвораи байнулмилалӣ дар Аврупову Осиё роҳ ёфтааст.
Раҳматуллоев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, “Тоҷикфилм” ин филмро дастгирии техникӣ кардааст.
Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, филми кӯтоҳи "Бункер" (“Паноҳгоҳ”) дар ҷашнворае дар Фаронса дар канори филмҳое аз Олмон, Юнон, Полша, Португалия, Белгия, Эрон, Инглистон, Нидерландҳо ва Руминия ширкат хоҳад кард.
Дар 37-умин барномаи филми кӯтоҳи Экс-эн-Прованс (Aix-En-Provence), беш аз 45 филм ба намоиш дармеоянд. Ин ҷашнвора аз 3 то 7 декабр дар шаҳри фарҳангӣ ва таърихии Экс-эн-Прованс дар Фаронса баргузор мешавад.
Ҳамчунин ҷашнвораи дигаре, ки қарор аст, “Бункер” – ро мизбонӣ кунад, дар Бангладеш иттифоқ хоҳад афтод. Ин 15-умин ҷашнвораи байнуламилалии филми кӯтоҳ ва мустақил (ISIFF) аст, ки аз 7 то 13 декабр дар пойтахти он кишвар - шаҳри Дакка баргузор мешавад.
“Филми "Бункер" бар асоси ҳаводиси воқеӣ сохта шудааст. Амали як шахс чизҳои зиёде дар бораи хислати ӯ қисса мекунад. Ин қиссаи як писарбачае аст, ки ҳамсолонаш бо ӯ шӯхии бераҳмонаеро анҷом додаанд ва ӯро дар як паноҳгоҳи торики қадимӣ қуфл кардаанд. Оё ӯ метавонад дар худ шуҷоати муқобила ин бо зулми воқеиро пайдо кунад ва истеъдоду хислати як шахсияти воқеиро дар худаш парвариш диҳад?” – омадааст дар иттилоияи “Тоҷикфилм”.
Нависанда ва коргардон ин филм Диловар Султонӣ, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Миҳтоҷев ва филмбардор Акмал Восидӣ ҳастанд. Филми "Бункер" дар жанри драма ба навор омада, нақшҳои асосӣ дар онро Исфандиёр Ғуломов, Муҳсина Султонӣ, Аъзам Қараев, Манучеҳр Розиқов ва Самира Зайдуллоева бозӣ кардаанд. Филм 26 дақиқа давом мекунад ва соли 2019 бо ҳамкории “Тоҷикфилм” рӯи навор омадааст.