Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон рӯзи интихоботро дақиқ кард

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон санаи баргузории интихоботи вакилон ва аъзои Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистонро таъин кард

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зери як фармон имзо гузошт.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

Манбаъ меафзояд, раисҷумҳури Тоҷикистон санаи дақиқи баргузор шудани интихоботи вакилон ва аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро таъин кард.

Ишора ё тасмим: Назарбоев аз роҳбаре ёдовар шуд, ки дар 92 солагӣ боз сари қудрат омад

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 - уми марти соли 2020 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад.

"Интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" 1 марти соли 2020 гузаронида мешавад", - омадааст дар фармони роҳбари давлат.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон сохтори Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро тасвиб кард.

Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадди ниҳоии кормандони дастгоҳи КМИР бидуни ҳайати хизматрасон 14 нафар муайян карда шудааст.

Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Дӯстум: таъхиркорӣ дар эълони натоиҷи интихобот ба эътирози оммавӣ меанҷомад
Инчунин барои дастгоҳи КМИР ду мошини хидматӣ ҷудо шуда, таъкид гардидааст, маблағгузории кори дастгоҳ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, 7 нафарро ба раёсат ва узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва парлумон номзадияшонро қабул кард.

"Халқ сарчашмаи ҳокимият аст": Қосим Роҳбар аз интихоботу Конститутсия гуфт

Аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъини дубораи Худоёрзода Бахтиёр Таварро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, таъини Абдуҷаббор Қодирзода ба мақоми муовини раиси КМИР ва 5 узви комиссия - Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода,  Азизова Муистон Бердиевна, Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбековичро ба тасвиб расонд.

Лентаи хабарҳо
0