ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, герерал Дӯстум дар пасманзари таъхиркорӣ дар эълони натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ҳукумат и кишварро шадидан танқид намуда, афзудаст, ки дар сурати риоя нашудани талаботи номзадҳо, эътирозҳои оммавӣ сар хоҳанд зад.
"Агар дар ҷараёни баршумории овози раъйдиҳандагон тақаллубӣ сурат гирад, он гоҳ садҳо афғон барои ибрози нигаронии худ даст ба эътироз хоҳанд зад", - афзудааст генерал Дӯстум.
Зимнан, хабаргузории Афганистан.Ру иттилоъ медиҳад, ки айни замон Комиссияи интихобот бидуни ҳузури намояндагони аксари номзадҳо ба санҷиши маълумотҳои биометрӣ идома дорад. Ҳарчанд худи интихобкунандагон ин амали Комиссияро ғайриқонунӣ медонанд.
Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон барои маротибаи дуввум ба таъхир афтодаст. Қаблан КМИ ин кишвар гузориш дода буд, ки рӯзи 14 - уми ноябр натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон карда мешавад.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон дар вазъияти пуршиддат доир гардид - навор
Рӯзи 28 сентябр дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Тибқи маълумоти КМИ, қариб 2,6 миллион нафар афғон, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд, ба нуқтаҳои овоздиҳӣ омадаанд. Дар овоздиҳӣ 9,7 миллион овоздиҳандагони бақайдгирифташуда иштирок карда метавонистанд.
Аз аввал, натиҷаҳои пешакии интихобот 19 октябр бояд эълон мешуд. Аммо он вақт раиси КМИ Ҳаво Олам Нуристонӣ дар бораи мавқуф гузоштан хабар дода, 14 ноябрро санаи нави эълони натиҷаҳои пешакии интихобот эълон дошт.
Санаи нави интишори натиҷаҳои пешакии интихобот ҳанӯз эълон нашудааст.