Фергюсон гуфт чигуна Нурмуҳаммадовро мағлуб мекунад

© Twitter UFCТони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов
Тони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон мехоҳад қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро асабӣ кунад, то Ҳабиб хато карда ва Фергюсон он лаҳзаро ба фоидаи худ истифода барад

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Размикори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон гуфт, дар рақобати навбатӣ, Ҳабибро асабӣ карда, мағлуб менамояд.

"Ман аллакай ба мағзи ӯ даромадам! Ӯ маро пайгирӣ мекунад, ба тамоми ҳастияш тамрин дорад. Ӯ чунон асабӣ хоҳад шуд, ки хатогӣ роҳ хоҳад дод. Ҳамон лаҳза ман ӯро пахш хоҳам кард!", - гуфтааст варзишкори амрикоӣ дар барномаи Аriel Helwani’s MMA Show телевизиони ESPN.

Рақобати миёни варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон ва қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов 18 апрели соли 2020 дар Barclays Center - и Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд.

Хабиб Нурмагомедов рассказал, что ждет его брата Умара в случае победы в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб дар бораи ғизоҳои Узбакистон ва рақобати бародараш-видео

Феълан UFC барои баргузор кардани ин сабқати ҷаҳонӣ омодагӣ мебинад.

Рақиби навбатии Нурмуҳаммедов дар сурати пирӯзӣ бар Фергюсон маълум шуд

Дар баробари ин сабқати миёни ин ду варзишкор ба далели захми Фергюсон чаҳор бор ба таъхир афтод.

Фергюсон бо UFC соли 2011 шартнома бастааст. Ӯ аз соли 2017  то 2018 дорандаи камарбанди қаҳрамонии UFC дар вазни сабук мебошад.

Рақобати деринтизор: Замон ва макони муҳорибаи Нурмуҳаммедов ва Фергюсон маълум шуд

Ин варзишкори 35-сола ҳамагӣ 25 маротиба ба октагон баромада ва се бор мағлуб шудааст.

Нурмуҳаммадов 31 сола мебошад. Баҳори имсол ӯ қаҳрамони UFC шуд. Пасон ду маротиба камарбанди худро ҳимоя кард: дар рақобат бо Макгрегор ва Поре.

Шарҳи раҳбарияти UFC дар бораи таҳқири Макгрегор аз Нурмуҳаммадов

Дар умум Нурмуҳаммадов 28 бор вориди октагон шудааст ва боре ҳам бо сари хам аз майдони ҳарб набаромадааст.

Лентаи хабарҳо
0