Ҳабиб дар бораи ғизоҳои Узбакистон ва рақобати бародараш-видео

Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Тошканд аз ғизоҳои болаззати Узбакистон ва толори Ҳумо-арена тавсиф карда, изҳор дошт, ки омода аст, зӯрозмоияшро дар ин шаҳр гузаронад

Нурмуҳаммадов зимни нишасти матбуотӣ дар Тошканд гуфт, толори Ҳумо-арена, ки пӯшида асту имкони ғунҷоиши беш аз 15 ҳазор нафарро дорад, ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Пресс-конференция Хабиба Нурмагомедова после взвешивания - Sputnik Тоҷикистон
Нурмуҳаммадов қаҳрамонҳои ояндаи UFC - ро номбар кард

Ӯ изҳор дошт, ки агар мақомоти Узбакистон бо раёсати UFC созиш кунанд, омода аст, яке аз рақобатҳояшро дар ин толор гузаронад.  

Истиқболи ғайриоддии Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар Тошканд - навор

Ӯ инчунин таъкид кард, ки ғизо дар Узбакистон тамоман дар сатҳи дигар аст.

“Хеле ҷойҳоро дидаам, аммо чунин ғизоҳои хушлаззатро нахӯрдаам”, - изҳор дошт Нурмуҳаммадов.

Қаҳрамони ҷаҳон дар мавриди рақобати бародараш – Умар Нурмуҳаммадов дар Тошканд изҳор дошт, ки ин зӯрозмоӣ ҷолиб хоҳад буд ва дар сурати пирӯзӣ Умар метавонад бо UFC созишнома бандад.

Лентаи хабарҳо
0