Баҳси Меҳрнигору афғонҳо пас аз бозхонии суруди Аҳмад Зоҳир - видео

© Sputnik / Амир ИсаевМехрнигор Рустам
Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозхонии суруди сарояндаи машҳур Аҳмади Зоҳир "Рақс бикун" аз ҷониби Меҳрнигори Рустам ва Некрӯз Ниёзов дар интернет баҳси гармеро миёни тоҷикон ва афғонҳо барпо кард

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сарояндаи номдори эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам ва овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов суруди Аҳмади Зоҳир "Рақс бикун" - ро бозхонӣ карданд.

Певица Мехринигори Рустам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Меҳрнигор дар ин бора дар саҳифаи Instagram худ хабар дода гуфтааст, ки бо ин роҳ ҷавонон бештар аз сурудҳои сарояндагони шаҳир чун Аҳмади Зоҳир ва Муборакшо огоҳ мешаванд ва бозхонӣ номи ин овозхононро дубора зинда мекунад.

"Рақс бикун": суруди шодравон Муборакшоро Меҳринигор ва Некрӯз бозхонӣ намуданд

Вале, бархе аз корбарон аз бозхонии ин суруд ба хашм омадаанд ва мегӯянд ҷавонон бояд ба эҷоди сурудҳои тоза машғул бошанд.

Чанд мухлиси афғони Меҳрнигор ҳам гила кардаанд, ки сарояндагони тоҷик доим сурудҳои овозхонони афғонро бозхонӣ мекунанд.

"Боз суруди афғонӣ. Мо мехоҳем аз сарояндагони тоҷик чизи тозае шунавем", - навиштааст Ситора Раббонӣ.

Дар посух Меҳрнигор гуфтааст, ки сарояндагони афғон низ сурудҳои ӯро борҳо бозхонӣ кардаанд.

"Мо нагуфтаем, ки ин суруди тозаи мо аст. Ин суруди машҳур аст ва ҳар як сароянда ҳуқуқ дорад онро бозхонӣ кунад. Сарояндагони шумо низ сурудҳои фолклорӣ ва аз ҷумла сурудҳои маро зиёд иҷро мекунанд, лекин мо чизе намегӯем фақат ҳаловат мебарем. Агар шумо сурудҳои нав хоҳед ба шабакаи ман дар Ютуб дароед ва сурудҳои муаллифони навро хоҳед ёфт", - гуфтааст дар посух Меҳрнигор.

Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Навори суруди "Рақс бикун" дар саҳифаи Youtube Меҳрнигор рӯзи 29 ноябр нашр шудааст. То имрӯз ин суруд ва намоҳангро беш аз 14 ҳазор кас тамошо карда ва 500 кас писандидааст.

Акс бо Гугуш: Меҳринигор мегӯяд як орзуи худ ва модарашро амалӣ намуд - навор ва акс

Суруди "Рақс бикун" моли сарояндаи машҳур Аҳмади Зоҳир буда, то имрӯз ба оҳанг ва матни он навгониҳо ворид шудааст.

Пас аз Аҳмади Зоҳир ин сурудро шодравон Муборакшо низ сароида буд, ки миёни шунавандагони тоҷик бештар маҳз дар иҷрои ӯ машҳур аст.

Лентаи хабарҳо
0