Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевПевица Мехринигори Рустам, архивное фото
Певица Мехринигори Рустам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам ҷоизадори "Содружество дебютов" (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) шуд. Овозхон ҷоизаи худро рӯзи 9 декабр дар пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2019, шаҳри Брест хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сарояндаи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам ҷоизадори мукофоти байналмилалии "Содружество дебютов" дар кишварҳои ИДМ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Бунёди ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ.

Дар баробари Меҳрнигор ҳашт намояндаи дигари соҳаи фарҳанги Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки саҳми назаррас доранд, соҳиби мукофот шудаанд.

Акс бо Гугуш: Меҳринигор мегӯяд як орзуи худ ва модарашро амалӣ намуд - навор ва акс

Маросими ҷоизасупорӣ 9 декабр дар пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2019 шаҳри Брест баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ҷоизаи байналмилалии "Содружество дебютов" соле як маротиба ба мутахассисони ҷавони то 35 сола дода мешавад.

Дар муддати чандин сол ин ҷоизаро шоирон, пизишкон, муаллимон, олимон ва мутаххассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, варзишкорон ва устодони варзиш гирифтаанд.

Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои озмунҳои мухталиф шудааст.

Рақс бо сарӣ болои “капот”: Меҳрнигор намоҳанги ҷадидашро нашр кард - видео

Аз ҷумла Меҳрнигор дар озмуни "Чуҷаи заррин" ва Ҷашнвораи сурудҳои халқӣ соҳиби Гран при шудааст.

Меҳрнигори Рустам бо Доналд Трамп "салом" накард - видео

Дар баробари ин овозхони ҷавон дорандаи нишони Бозиҳои Делфини Алмаато дар соли 2007 буда то кунун ду албом  - "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" - ро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dushanbe jannati rui zamin ast♥️ #style #beautiful #business #travel

Публикация от 𝑴𝒆𝒉𝒓𝒏𝒊𝒈𝒐𝒓𝒎𝒖𝒔𝒊𝒄/𝑺𝒊𝒏𝒈𝒆𝒓,𝑪𝒐𝒎𝒑𝒐𝒔𝒆𝒓 (@mehrnigormusic)

Лентаи хабарҳо
0