Шоми 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ” барномаи рангоранги солинавӣ баргузор мешавад

© SputnikНовогодний концерт в Душанбе
Новогодний концерт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаи рангоранги консертӣ бо ҳузури ситораҳои эстрадаи тоҷик шаби рӯзи 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе  бахшида ба соли нави мелодӣ 31 декабр  дар майдони “Дӯстӣ”  Шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад.

Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Оғози ороста шудани арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт

Тавре манбаъ хабар додааст, ки дар чаҳор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар “Майдони 800-солагии Москва”,    “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”,  Боғи “Дӯстии халқҳо”,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки  арчаҳои идона гузошта мешаванд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат  дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон имсол  дар арафаи ҷашни Соли нави 2020  дар “Боғи Устод Рӯдакӣ” бо ташаббуси  мақомоти шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ  бо ширкати “Рахш Такси”  ярмаркаи  фурӯши   солинавии  бошукӯҳ ташкил мегардад.

Ҳамчунин  чун анъанаи солҳои пешин  дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе  барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.

Ёдрас мешавем, ки дар пойтахт корҳои  омодагӣ  ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Соли нави мелодӣ оғоз гардида,  бо ташаббуси Мақомоти Душанбе  дар майдони “Дӯстӣ”,  дар паҳлӯи   Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ қомат меафрозад. 

 Дар назар аст, ки то 10  декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» айни ҳол ба ороиши арчаи идона машғуланд.

Лентаи хабарҳо
0