ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Русия то кунун супоришҳо барои сохти таслиҳот ба маблағи 55 миллиард доллар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дарёфт кардааст, ки дар даҳ соли ахир рақами бесобиқае ба ҳисоб меояд.
Беш аз 700 маркази таслиҳотӣ ва санъатии зермаҷмӯаи холдинги "РусТах" (холдинги фанновариҳои пешрафтаи Русия) дар дастёбӣ ба ин дастоварди бузурги Русия ширкат доштаанд.
Бар асоси иттилооти муассисаи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокголм, Амрико, Русия ва Фаронса кишварҳои пешрав дар арсаи ҷаҳонии содироти таслиҳот ҳастанд ва Русия дар чанд соли ахир мақоми дуввуми ҷаҳонии фурӯши таслиҳотро ҳифз кардааст.
Дар чор соли ахир саҳми Амрико дар фурӯши таслиҳот ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон 36 дарсад ва саҳми Русия 21 дарсад буда ва Фаронса низ наздик ба 7 дарсад бозори ҷаҳонии силоҳро дар ихтиёр доштааст.