Амрико Русия ва Фаронса бузургтарин фурӯшандагони аслиҳа дар ҷаҳон мебошанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПистолет-пулемёт "Витязь-СН", архивное фото
Пистолет-пулемёт Витязь-СН, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи гузориш бузургтарин фурӯшандагони аслиҳа дар ҷаҳон Амрико, Русия ва Фаронса мебошанд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Институти байналмилалии пажуҳишҳои сулҳ Стокголм (SIPRI) рӯзи душанбе гузориши нав дар бораи вазъи фурӯши аслиҳа дар ҷаҳонро ба чоп расонд.

Муҷтамаъи мушакии С-300ПС. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ ИМА: мо қарордоди Русия бо Эрон мабнӣ ба С-300-ро таҳқиқ мекунем

Тибқи гузориши мазкур бузаргтарин фурӯшандагони аслиҳа дар ҷаҳон Амрико, Русия, Чин, Фаронса ва Олмон ба ҳисоб мераванд.

Саҳми ин кишварҳо дар фурӯши аслиҳа 75 дарсади ҳаҷми содироти аслиҳаро дар ҷаҳон ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, танҳо Амрико ва Русия ба тамоми дунё дар ҳаҷми 57 дарсад алиҳа содир намудаанд.

Тибюқи гузориши мазкур аз соли 2014 то соли 2018 Русия ба 48 кишвари дунё аслиҳа содир намудааст. Аз ҷумла Русия аслиҳаашро ба Ҳиндустон, Чин ва Алҷазоир содир намудааст.

Инчунин, дар гузориш навишта шудааст, ки дар ҳамин давра ҳаҷми фурӯши аслиҳа ба 7,8 дарсад афзоиш ёфтааст. Харидорони азими аслиҳа кишварҳои Ховари миёна будаанд. Аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Миср, Исроил, Қатар ва Ироқ азимтарин харидорони аслиҳа ба ҳисоб мераванд.   

Лентаи хабарҳо
0