Раиси ноҳияи Мастчоҳ шахсан барои мансабҳои холӣ мутахассис интихоб кард

© © Пресс-служба главы Мачинского районаГлава Мастчоха отбирает кандидатов на гос службу
Глава Мастчоха отбирает кандидатов на гос службу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ барои ишғоли 17 мансаби холимондаи давлатӣ байни ҷавонон озмун баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Шуъбаи идеологияи ноҳияи Мастчоҳ аз баргузории озмун барои  ишғоли мансабҳои холӣ дар ҳукумат ва ҷамоатҳои ин ноҳия хабар медиҳад, ки дар кори он, Ғайрат Азиззода раиси ноҳия иштирок карда, бо пешниҳоди саволҳои худ аз сатҳи донишу маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва забондонии довталабон огаҳ шудааст.

Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассис меҷӯяд: маош аз 768 то 936 сомонӣ

Ба иттилоъи бахши идеология дар ин озмуни ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, ки бо мақсади ишғоли 17 мансаби холимонда дар сатҳи ҳукумат ва ҷамоатҳо баргузор шудааст, дар умум 18 довталаб  ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд.

 Дар рӯзи баргузории озмун, 16 нафар иштирок кардаанд. Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ, ҳайати комиссия ҳуҷҷатҳои 2 нафарро бозпас гардонидаанд.

Ҳайати комиссияи озмун баъди санҷиши ҳамаҷонибаи донишу маҳорати иштирокчиён, барои ишғоли як қатор мансабҳои холӣ нафарони арзандаро муайян кардаанд. 

“Ҳамин тавр барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии сармутахассиси ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, сармутахассиси шуъбаи маориф, сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Палдорак, сармутахассиси сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Бӯстон, мутахассиси пешбари омори Ҷамоати шаҳраки Бӯстон, мутахассис оид ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ва мутахассиси оид ба андози Ҷамоати деҳоти Палдорак ғолибон муайян шуданд, ки аксари онҳо ҷавонони лаёқатманди даврони Истиқлолият мебошад”, - омадааст дар иттилоияи бахши идеологияи Мастчоҳ.

Аз баргузории озмуни  ишғоли 17 мансаби холимонда дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳоле хабар дода мешавад, ки ахиран дар рӯзи 20-уми ноябр, Раҷаббой Аҳмадзода, зимни баргузории  ҷаласа мавзӯъи мубориза бо терроризмро муҳокима намуда, аз беаҳамиятии як қатор раисони шаҳру ноҳияҳо ва холи мондани вазифаҳои корӣ дар сатҳи ҳукумат ва ҷамоатҳо иброз дошт.

© © Пресс-служба главы Мачинского районаГлава Мастчоха отбирает кандидатов на гос службу
Раиси ноҳияи Мастчоҳ шахсан барои мансабҳои холӣ мутахассис интихоб кард  - Sputnik Тоҷикистон
Глава Мастчоха отбирает кандидатов на гос службу

Раҷаббой Аҳмадзода, ҳолати иҷроиши Барномаи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат бо терроризм ва экстремизмро ба  муҳокима гузошта, аз камаҳамиятии раисони шаҳру ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳ, Спитамен гуфт ва таъкид варзид, ки як қатор вазифаҳои корӣ дар соҳаи ҷавонон, идеология ва  кор бо дин ва танзими анъана дар сатҳи ҳукумат ва ҷамоатҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо холӣ мондаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0