ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Қазоқистон дар шоҳроҳи M-32 Самара – Шимкент садамаи мудҳиш рух бо автобуси мусофирбар рух додаст, хабар медиҳад котиботи корхонаи миллии "Казавтожол".
Бар хабари манбаъ, садамаи нақлиётӣ дар қаламрави вилояти Қазилардин рух додааст ва ҳамаи мусофирони автобус шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд.
Рӯзи мотам дар Забайкал: садамаи мудҳиш ҷони 19 мусофирро рабуд - акс
Тавре мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят хабар додаанд, дар наздикии деҳаи Шижага ронандаи автобуси мусофирбари Neoplan масофаро вайрон карда, ба мошини боркаш, ки дар як самт ҳаракат доштанд, бархӯрдаст.
Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса ҳамаи 72 мусофир, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҷароҳат бардоштанд ва хушбахтона садамаи мазкур талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Вазъи саломатии 4 шаҳрванди Тоҷикистонро пизишкони қазоқ вахим арзёбӣ мекунанд
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар вилояти Оренбург микроавтобуси ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон бо мошини боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расидааст.
Садамаи мудҳиш рӯзи 24 - уми ноябр, тақрибан соати 6:10 бо вақти маҳаллӣ ва 4:10 бо вақти Маскав дар маҳаллаи Чистий рух дода буд.