ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ баргузор шавад, хабар медиҳад агетии "Ховар" аз қавли ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудаст, ки ҳамасола дар кишваре, ки дар он Шӯрои машваратии навбатӣ баргузор мегардад, Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш изҳори ҳавасмандӣ намуда чунин мешуморанд, ки тавсеаи робитаҳо миёни марказҳои илмию таълимӣ ва доираҳои эҷодии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст.
Раҳмон ба Тошканд расид: раисҷумҳурро сарвазири Узбакистон пешвоз гирифт
Гузашта аз ин Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барномаи минтақавии мубодилаи байнидонишгоҳӣ ва илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмию амалӣ, семинарҳо, тадқиқотҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами минтақа таҳия карда шавад.
Қаблан, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод намуда буд, ки 15 март ҷашни нав — Рӯзи Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.