ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар мулоқоти дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, раисӣ дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон гузашт. Роҳбарии Тоҷикистон дар ин ниҳоди байналмилалӣ, се сол - сар аз соли 2020 давом хоҳад кард.
"Дар ин зимн сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи Байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд. Бо ин қарор Эмомалӣ Раҳмон – раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид",- омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши президентҳои минтақа таъкид намуд, ки "Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад".
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб кардаст.
Дар ҷамъбасти вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва Дастури кории ташкили Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.