Суҳбат аз Худо, савдо, роҳ, об ва сарнавишт: мулоқоти хоси президентҳо дар Тошканд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури УзбакистонМулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳайати маҳдуд
Мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳайати маҳдуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Соронбой Жеенбеков ва Нурсултон Назарбоев дар ҳайати маҳдуд дар шаҳри Тошканд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот дар ҳайати маҳдуд таъкид кардааст, ки Худо моро ҳамсоя офарид ва сарнавишти мо бо ҳам тавъам аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқот ва даъвати Раҳмон аз Мирзиёев

Мирзиёев изҳор доштааст, ки халқҳои минтақа воқеан хоҳони дӯстию ҳамкорӣ, ҳамсоядории хуб ва ҳалли якҷояи мушкилот мебошанд.

Ӯ аз дастовардҳои ахир дар муносиботи кишварҳои минтақа ва иродаи сиёсии роҳбарон барои ҳалли мушкилот зикр карда, таъкид намуд, ки дар баробари чолишҳои замони муосир миёни кишварҳои минтақа бояд эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ тақвият дода шавад.

“Ба шарофати Худо, мо ҳамсояем. Таърих, тақдир ва сарнавишти ояндаи мардуми мо бо ҳам тавъам аст. Ин нерӯи бузурги муттаҳидкунандаи тамоми минтақа мебошад”, - изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.

Ӯ зарурати коркарди дидгоҳи ягона ба рушди ҳамаҷонибаи муносиботи кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, илова намудаст, ки Узбакистон омодаи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун – аз кишоварзӣ то мошинсозию электротехника мебошад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Тошканд расид: раисҷумҳурро сарвазири Узбакистон пешвоз гирифт

Мирзиёев ҳамчунин аз таҳкими ҳамкориҳо дар умури ҳамлу нақл гуфта, зарурати таъсиси Шӯрои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қабули Созишнома барои рушди муштараки низоми нақлиётии минтақаро таъкид намудаст.

Раисиҷумҳури Узбакистон хостори ҳамкории бештар дар бахши энергетикӣ бо назардошти манофеи минтақа шуда, омодагии кишварашро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахши энергияи барқароршавандаро баён доштаст. Ӯ ҳамчунин ҳалли масоили истифодаи об бо назардошти манофеи дарозмуддатро муҳим хондаст.

Дар бахши сайёҳӣ муҳим донистааст, ки бренди ягона ва шинохтаи Осиёи Марказӣ шакл дода шавад ва пешниҳод намудааст, ки конфронси байналмилалии “Сафар дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардад.

Лентаи хабарҳо
0